Бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, 12 декабр дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мулоқот бо намояндагони Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, директор Мария Гузикова ва директори Шӯъбаи таълим Виктория Цой баргузор шуд. Дар мулоқот муовини аввал, муовини ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба таълим Собирзода Нуралӣ ва дигар устодон иштирок доштанд.
Тавре ки ба Мирзоамонзода Хайрулло, директори Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олиии касбии назди ДМТ ба хабарнигори радиои “Овози тоҷик” Абдуфаттоҳи Абдурауф хабар дод, дар ҷараёни мулоқот густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар самти табодули таҷриба бо истифода аз усулҳои нави таълим баррасӣ шуд.
Ҷонибҳо оид ба роҳандозӣ намудани ҳамкориҳо барои дарёфти иттилои нав марбут ба соҳаҳои нави замонавӣ, таҳлил намудани вазъи экологӣ, пиряхшиносӣ, баланд бардоштани такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, бозомӯзии онҳо ибрози назар намуданд.
Дар идома аз устодони Донишгоҳи Осиёи Марказӣ даъват ба амал оварда шуд, олимони ҷавони донишгоҳро дастгирӣ намуда, дастовардҳои илмии онҳоро мавриди таҳлили муштарак қарор диҳанд.