Бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳамбастагӣ бо ассотсиатсияи «Ҳаракати умумихалқии Бобек» ҷиҳати нашри мақолаҳои беҳтарин дар силсилаи маҷмӯаи илмӣ-педагогии кишварҳои узви ИДМ таҳти унвони «Омӯзгори сол-2022» озмун баргузор гардида, ҷамъбаст шуд.
Дар ин озмун мақолаи мудири кафедраи иқтисодиёт ва идоракунии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ Ғаффорзода Ҷонона Абдуғафор беҳтарин ҳисобида шуд, ки мавсуф вобаста ба ин муваффақияти хеш бо дипломи дараҷаи I ва нишони сарисинагӣ сарфароз гардонида шуд.
Мукофотро аз номи ректори донишгоҳ муовини ректор оид ба корҳои илмӣ Сангинзод Д. Ш. ба Ғаффорзода Ҷ. тақдим намуда, ба муносибати ин дастоварди илмӣ муборакбод гуфт. Дар ин баробар, саҳми Ғаффорзода Ҷ. дар баланд бардоштани эътибори кишвар дар сатҳи байналмилалӣ назаррас арзёбӣ гардид.