Бо дастури раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар арафаи Соли нави мелодӣ дар муассисаҳои шакли интернатии ҳудуди пойтахт ҳамоишҳои гуногуни маърифатӣ ташкил гардида, ба кӯдакону наврасон туҳфаҳои идона тақдим карда шуданд. Дар ин бора шуъбаи иттилоотии дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе хабар дод.
Туҳфаҳои идонаро муовинони Раиси шаҳри Душанбе Умед Гуреззода ва Толиб Раҳимзода тақдим намуданд.
Кумакҳои Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз маҷмӯи либосҳои гарми зимистона, маҳсулоти хӯрокворӣ, шириниҳои идона ва дигар лавозимоти зарурӣ иборат буд.