Шоми имрӯз дар шоҳроҳи Ал-Кувайт-Душанбе-Ал-Кувайт нахустин парвоз анҷом дод шуд. Дар ин бора мухбири радиои «Овози тоҷик» Даврони Аҳмад аз Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе иттилоъ медиҳад.
Ба зикри мухбир, хатсайри нави ҳавоӣ бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Давлати Кувайт ба роҳ монда шуд.
Парвоз тариқи ҳавопаймоии ширкати «Jazeera Airways» ба роҳ монда шуд. Ҳавопаймо соати 17:42 ба вақти маҳаллӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе фуруд омад ва пас аз 1 соату 30 дақиқа ба Кувайт баргашт.
Мусофирони хатсайрро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода, Менеҷери минтақавии кишварҳои Халиҷи ширкати «Jazeera Airways» ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.