Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо бо сафари корӣ ба Минск рафт. Дар ин бора радиои «Овози тоҷик» дар такя ба хабари сардори Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии низомӣ — ёвари Вазири дифои Беларус оид ба ҳамкориҳои байналмилалии ҳарбӣ Валерий Ревенко, ки дар саҳифаи Твиттераш нашр кард, хабар дод.
Ҷузъиёти дигари ин сафар гуфта нашудааст.