
Давоми соли 2022 124 муассисаҳои тандурустӣ сохта ба истифода дода шуданд. Дар 65 муассисаи дигар корҳои сохтмонӣ идома доранд. Дар ин бора Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар ба хабарнигори радиои «Овози тоҷик» Абдуфаттоҳи Абдурауф хабар доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, дар ин муддат 404 муассиса аз таъмир бароварда шуда, дар 179 корхонаҳои тандурустӣ корҳои таъмириву барқарорсозӣ идома доранд.
Бояд гуфт, Ҳукумати кишвар ва Раёсати тандурустӣ баҳри беҳтар намудани шароити хизматрасонии тиббӣ ба аҳолии ҷумҳурӣ ва сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ корҳои назаррас анҷом медиҳанд.