
Бо мақсади ҷалби сармояи хориҷӣ барои гузаронидани асосноккунии техникӣ-иқтисодии лоиҳаи “Сохтмони роҳи оҳани Ҷалолиддини Балхӣ-Ҷайҳун-Панҷи Поён” Гурӯҳи махсуси омӯзишии Институти молиявии КОЙКА барои баррасии маблағгузории татбиқи лоиҳа ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омаданд.
Бино ба иттилои Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафари Гуруҳи кории номбурда ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 январ оғоз ёфта, то 13 январи соли равон идома мекунад.
Интизор меравад, ки дар ҷараёни татбиқи лоиҳаи Ҷ. Балхӣ – Ҷайҳун – Панҷи Поён шохаи ҷанубии роҳи оҳани кишварро ба роҳи оҳани Афғонистон пайваст намуда, имкони васли роҳи оҳани Осиёи Миёна ба кишварҳои Шарқро фароҳам меорад.
Маврид ба зикр аст, ки дархости молиявӣ барои ҷалби сармояи Ҷумҳурии Корея дар татбиқи асосноккунии техникӣ-иқтисодии лоиҳаи мазкур ҳанӯз моҳи сентябри солии 2022 ба Институти молиявии КОЙКА сурат гирифта буд.