Вилояти Суғд дар соли 2022 ба маблағи 1 млрд. 86,2 млн. доллар маҳсулот содирот намудааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли қаблӣ 1,7 баробар зиёд мебошад.
Тавре ки Хадамоти матбуотии Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, дар ин давра содироти маъдан ва консентрат ба маблағи 729,1 млн. доллар ба роҳ монда шуд. Нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 ҳаҷми содироти семент ба намуди аслӣ ба миқдори 31 ҳазору 517 тонна афзоиш ёфта, дар соли ҷорӣ 722 ҳазору 594 тонна семент ба маблағи 22,3 млн. доллар содирот шудааст. Содироти нахи пахта 84,4 млн. долларро ташкил намудааст.
Ҳамчунин, дар ин давра ба маблағи 22,2 млн. доллар 1 ҳазору 419 тонна либосворӣ ба бозори хориҷӣ бароварда шуда, афзоиш нисбат ба соли қаблӣ мутаносибан 3,1 млн. доллар ва 228 тоннаро ташкил намудааст.
Содироти маҳсулоти кишоарзӣ 133 ҳазору 460 тонна ташкил намуда, дар ин давра 53 ҳазору 387 тонна хушкмева ба маблағи 26,5 млн. доллар ва 62 ҳазору 249 тонна пиёз ба маблағи 6,3 млн. доллар содирот шудааст. Ҳаҷми содироти пиёз, ки яке аз маҳсулоти асосии содиротӣ маҳсуб меёбад, нисбат ба соли қаблӣ ба маблағи 1,9 млн. доллари амрико афзудааст. Афзоиши содироти хушкмева 9 ҳазору 845 тоннаро ба маблағи 10,3 млн. доллар ташкил намудааст.