Дар шаҳри Перми Федератсияи Россия Форуми кушодаи дӯстӣ баргузор гардид, ки дар он шоири тоҷик Хосият Вализода бо Сипосномаи Ассамблеяи халқҳои Авруосиё сарфароз гардонида шуд, хабар медиҳад рӯзномаи «Кулябская правда».
Шоир, раиси бахши Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Хосият Вализода барои саҳми назаррас дар таҳкими ҳамкории фарҳангӣ — гуманитарӣ ҷиҳати дастгирии бахши «Дипломатияи халқӣ: таҷриба ва дурнамо» қадрдонӣ шудааст.
Хосият Вализода дар самти тарғиби сулҳу оромӣ саъю кӯшиш намуда, нерую шаҳди эҷоду эъҷози нобаш тароватбахшу таъсиргузор ва руҳафзо ба ҳаёти осоиштаи мардумони сайёра мебошад.