19 январи соли равон Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода бо Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сезин Синаноғлу мулоқот намуд. Дар мулоқот мубодилаи афкор оид ба ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби СММ сурат гирифт. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар мулоқот зикр шуд, ки солҳои охир ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ва ниҳодҳои СММ, бахусус дар соҳаи амнияти кормандони СММ дар сатҳи баланд ба роҳ монда шудааст.
Вазири корҳои дохилӣ ба фаъолияти Ҳамоҳангсози доимӣ баҳои баланд дода, барои ҳамкории судманд давоми фаъолияташ изҳори сипос кард.
Сезин Синаноғлу барои ҳамкории зич, махсусан дар соҳаи амнияти кормандони СММ ба Вазири корҳои дохилӣ изҳори сипос намуда, дар фаъолияти минбаъдааш комёбиҳо таманно намуд.