Дар давраи 20-29 январи соли 2023 дар маркази намоишгоҳҳои Берлин “Messe Berlin” 87-умин Намоишгоҳи байналмилалии маҳсулоти кишоварзӣ — “Ҳафтаи байналмилалии сабз” баргузор мегардад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он имкониятҳои васеи кишоварзиро ба намоиш мегузорад. Дар ин бора Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, бо ташаббуси Сафорати Тоҷикистон дар Олмон, даъвати Вазорати федеролии озуқа ва кишоварзии Олмон, ҳамчунин бо мусоидати Ҷамъияти ҳамкориҳои байналмилалии Олмон дар Тоҷикистон (GIZ) иштироки ҳайати кишвар дар намоишгоҳ таъмин гардид.
Ба ҳайати расмии кишвар муовинони Вазири кишоварзӣ, Вазири корҳои хориҷӣ, Вазири саноат ва технологияҳои нав, муовинони раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Агентии содирот, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гуруҳи соҳибкорони ватанӣ шомил буданд.
Маврид ба зикр аст, ки намоишгоҳи “Ҳафтаи Сабз” аз соли 1926 инҷониб ҳамчун майдони муҳими муаррифии маҳсулот ва дастовардҳои соҳаи кишоварзӣ, роҳандозии ҳамкориҳои баъдӣ бо шарикони ба ҳисоб рафта, Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин маротиба гӯшаи худро дар намоишгоҳ ташкил кард.
Дар гӯшаи Тоҷикистон зиёд аз 160 номгӯи маҳсулоти ватанӣ, аз ҷумла саноати хӯрокворӣ, дорусозӣ, меваҳои тару тоза ва хушк, афшураҳо, обҳои ташнашикан, ҳамчунин брошюраҳо дар бораи зарфиятҳои кишоварзӣ ва сармоягузорӣ дар ин самт пешкаши тамошобинон гардиданд.
Илова бар ин, ба меҳмонон имкониятҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ низ муаррифӣ шуд.
21 январи соли равон бо даъвати Вазири федеролии озуқа ва кишоварзии Олмон Ҷем Ӯздемир 15-умин Конфронси вазирони кишоварзии Берлин зери унвони “Табдил додани системаҳои озуқаворӣ: вокуниши глобалӣ ба бӯҳронҳои сершумор” баргузор гардид, ки дар он ҳудуди 70 вазирони кишоварзӣ ва намояндагони 14 созмонҳои байналмилалӣ ҳузур доштанд.