
24 январ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар шаҳри Тошканд дар доираи баргузории ҷаласаи 26-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории иқтисодӣ бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳусейн Амирабдуллоҳиён мулоқот намуд.
Тавре ки радиои «Овози тоҷик» дар такя ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ҷонибҳо дар мавриди дурнамои рушди муносибатҳои гуногунҷанбаи мутақобилан судманди байни ду мамлакат, инчунин ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули назар карданд.
Ёдовар мешавем, ки 24 январ дар пойтахти Узбекистон ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардид.
Дар он ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Сироҷиддин Муҳриддин иштирок намуд.