
Соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино 1949 нафар муҳассилини хориҷӣ аз 24 давлати дунё мекунанд. Ин нуктаро имрӯз ректори донишгоҳи мазкур Маҳмадшо Гулзода зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод. Дар ин бора Таҳмина Амониён, мухбири радиои «Овози тоҷик» иттилоъ дод.
Зикр шуд, ки аз ин теъдод 1932 нафар дар сатҳи тодипломӣ аз 22 кишвари ҷаҳон ва 17 нафар дар сатҳи баъдидипломӣ аз 2 кишвари ҷаҳон мебошанд.
«Дар Донишгоҳ таҳсил бо 3 забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳамин тавр, аз ҷониби раёсати Донишгоҳ бо беш аз 72 муассисаи илмӣ ва ташкилотҳои хориҷӣ робитаҳои судманд ба роҳ монда шуданд. Аз ҷумла, бо кишварҳои Россия, Белорусия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Озорбойҷон, Ҳиндустон, Молдова, Чин, Туркия, Италия, Австрия, Эрон ва ғайраҳо»,- гуфт номбурда.
Қайд гардид, ки дар заминаи ҳамкориҳо 19 нафар донишҷӯи донишгоҳ дар асоси мубодилаи академӣ дар Академияи давлатии тиббии Ижевск таҳсил доранд. 40 нафар донишҷӯи хориҷӣ бошад, бо мубодила ба донишгоҳ омаданд.