
Севвумин парвози мустақим байни Эрон ва Тоҷикистон тавассути ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар масири Душанбе-Теҳрон-Душанбе анҷом шуд.
Муҳаммаднақи Собирӣ сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон ин матлабро дар саҳифаи худ дар Инстаграм эълом дошт, хабар медиҳад ParsToday.
Ба зикри сафири Эрон дар Тоҷикистон, бар асоси ин барномаи эълом шуда аз сӯйи ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр», ин парвоз аз 10 феврал ҳафтае як маротиба дар рӯзҳои ҷумъа соати 14:30 аз фурӯдгоҳи байналмиллалии шаҳри Душанбе ба фурудгоҳи байналмиллалии Имом Хумайни (р) Теҳрон ва баргашти он ба Тоҷикистон дар соати 17: 20 ҳамон рӯз анҷом мешавад.