Дар доираи пресс-тури шиносои бо намояндагони ВАО- и кишварҳои узви СҲШ, ки аз 5 то 12 феврал дар Ҷумҳурии Ҳиндустон баргузор мегардад, иштирокчиён ба шаҳри Банораси ин кишвар сафар карданд.
Тавре ки хабарнигори радиои «Овози тоҷик» Нушофарин Олимова, ки худ иштирокчиии чорабинии мазкур ҳаст, хабар дод, дар доираи ин сафар хабарнигорон бо марказҳои илмӣ-динӣ ва фарҳангии шаҳр ошно гаштанд.
Ба иттилои номбурда, рузи 8- уми феврали соли равон намояндагони ахбори омма аз Институти технологии Хиндустон «Banaras hindu Institute» дидан карданд. Дар доираи шиносоӣ оид ба фаъолият ва дастовардҳои донишгоҳ ба иштирокчиён маълумот дода шуд.