
Раиси вилояти Суғд намояндагони Сафорати Фаронса дар Тоҷикистонро бо роҳбарии Эрик Любедел ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот ҷонибҳо аз сатҳи кунунии муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Фаронса изҳори қаноатмандӣ карданд. Дар ин бора Хадамоти матбуотии Раиси вилояти Суғд хабар дод.
Зикр шуд, бо дастгирии Сафорати Фаронса дар Тоҷикистон соли 2022 барои дӯстдорони забони фаронсавӣ дар Хуҷанд ташкилоти ҷамъиятии «Алянс Франсез Хуҷанд» ташкил гардид, ки барои барқарорсозии ҳамкориҳо миёни муассисаҳои олии ду кишвар мусоидат менамояд. Бо кӯмаки ин ташкилот миёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва Донишгоҳи Экс-Махсейи шаҳри Марсел шартномаи ҳамкорӣ оид ба омӯзиши забонҳои тоҷикӣ ва фаронсавӣ имзо гардид.
Эрик Любедел аз истиқболи самимӣ изҳори хушнудӣ намуда, таъкид кард, ки сафорат барои рушди муносибатҳои дӯстона аз имкониятҳо истифода менамояд. Иттилоъ дода шуд, ки ташкилоти ҷамъиятии «Алянс Франсез Хуҷанд» кӯшиш дорад, ки барои роҳандозии ҳамкориҳо миёни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Донишкадаи иқтисод ва савдо ва муассисаҳои олии Фаронса низ мусоидат намояд.
Мулоқоти ҷонибҳо бо баррасии дурнамои ҳамкориҳо ба анҷом расид.