
Роҳбарияти Палати ҳисоби Тоҷикистон бо Сафири Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон оид ба сафари қарибулвуқӯи ҳайати Девони муҳосибот ба Тоҷикистон вохӯрӣ намуд.
Бино ба иттилои Палатаи ҳисоб, дар вохӯрӣ боздиду мулоқоти ҳайат бо роҳбарияти Палатаи ҳисоб, инчунин ба имзо расидани Ёддошти тафоҳум дар соҳаи аудит мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Ҳамзамон оид ба тақвияти ҳамкории мутақобилан судманд изҳори назар карда шуд.
Бояд гуфт, ки 8-11 март ҳайати Девони муҳосиботи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ бо роҳбарии Президенти Девони муҳосибот ба Тоҷикистон меояд.