Имрӯз, соати 03:00 дар Боғи Ғалабаи шаҳри Душанбе гулхани наврӯзӣ афрухта гардида, маросими суманакпазӣ доир шуд.
Инчунин аз чор дарвозаи шаҳри Душанбе Корвони наврӯзӣ бо ҳузури Бобои деҳқон ва Маликаи баҳор дар иҳотаи карнайнавозону таблнавозон бо рӯҳияи баланди саршор аз шукргузорӣ аз сарзамини шукуфону гулфишони Тоҷикистон ба ин макон ворид шуда, ба сокинону меҳмонон навиди фарорасии Соли нави аҷдодиро бо нидоҳои нишотангези «Нашунидам нагӯед, Наврӯз омад! Наврӯз боз ба ватани хеш омад!» мерасонанд.
Мавриди зикр аст, ки ба ифтихори таҷлили сазовори ҷашни байналмилалии Наврӯз дар пойтахт як силсила барномаҳои бошукӯҳи наврӯзӣ доир мегарданд. 21 март сокинони ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ, 22 март сокинони ноҳияи Фирдавсӣ дар Боғу фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосими Фирдавсӣ, 23 март сокинони ноҳияи Сино дар майдони Синои пойтахт ва 24 март сокинони ноҳияи Шоҳмансур бо оростани базми наврӯзӣ дар Боғи Куруши Кабир оғози Соли нав — Наврӯзи дилафрӯзро ботантана таҷлил менамоянд. Дар ин рӯзҳо бо иштироки аҳли санъат ва сокинони ноҳияҳои пойтахт ба ифтихори ҷашни фархундаи байналмилалии Наврӯз барномаҳои ҳунариву тафреҳӣ ва сайру гашти оммавӣ баргузор мегарданд.