Дар Бохтар зиёда аз 1 миллиону 400 ҳазор гулу гулбутта шинонида шудааст. Аз инҳо 495 ҳазор гули лола, 291 ҳазор гули садбарг ва 627 ҳазор гулҳои мавсимӣ мебошанд.
Тавре ки Хадамоти матбуотии Раиси вилояти Хатлон хабар дод, дар шаҳри Бохтар фестивали гулҳо таҳти унвони “Сайри гули лола” баргузор гардид. Дар ин фестивал масъулон аз намоишгоҳи оростаи намояндагони ташкилоту муассисаҳои шаҳри Бохтар дидан намуда, ба ҳунари иштирокдорон баҳои баланд доданд.
Зикр гардид, ки лола рамзи зебоӣ ва ҳусну назокат аст, ки дар атрофи он даҳҳо падидаи фарҳангии дигар арзи вуҷуд мекунанд.
Маврид ба зикр аст, ки фестивали мазкур бо мақсади вусъат додани ободонию бунёдкорӣ ва созандагӣ дар шаҳру ноҳияҳо, ҷамоату шаҳраку даҳот, маҳаллаҳои ҷумҳурӣ ҷараён дорад.
и ещё 18