Дар партави ташаббусҳои ҷаҳонии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба об ва ҳифзи пиряхҳо 3 апрели соли 2023 дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ҳамоиши илмӣ — амалӣ доир шуд. Дар он устодон, мутахассисони соҳа ва дигар намояндагони вазорату идораҳои дахлдори кишвар иштирок намуданд. Чорабинӣ бо се забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ анҷом шуд. Дар ин бора аз Донишгоҳи мазкур хабар доданд.
Ҳамоишро ректори Донишгоҳ, доктори илмҳои филология, профессор Жило Гулназарзода ифтитоҳ бахшида, аз ташаббусҳои таърихиву ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба масоили об ёдовар шуд.
Зикр гардид, ки дастгирии пешниҳодоти Тоҷикистон ва қабул кардани нуҳ қатънома дар ду даҳсола аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои об ва раисии Пешвои миллат дар Конфронси ҷаҳонии сатҳи баланд боиси ифтихори мо, тоҷикон буда, нишонаи бузурги эътирофи ҷаҳониён аст.
Дар идома мутахассиси Маркази яхшиносии Агентии обуҳавошиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Назирзода ва корманди ҳамин ниҳод Саттор Саидов оид ба вазъ, ҳолат ва дурнамои обу пиряхҳои мамлакат ва ҷаҳон маърузаҳои илмӣ бо забонҳои хориҷӣ ва слайдҳо пешниҳоди ҳозирин карданд. Иштирокчиён бо рӯнамоиҳои ҷолиб атрофи пиряхҳо, лабараторияҳо ва оқибати нестшавии онҳо баромадҳои судманд анҷом дода, ташаббусҳои ҷаҳонии Сарвари давлатро дар ин самт саривақтию бузург ва мондагор номиданд.
Ёдовар мешавем, ки 14 декабр Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, қабул кард.