Бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 апрел дар шаҳри Душанбе Ниммарафони XIII байналмилалӣ баргузор мегардад. Дар он варзишграон аз Тоҷикистон, Афғонистон, Беларус, Канада, Кения, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Узбекистон, Украина, Фаронса, Чин, ИМА, Эрон ва дигар давлатҳо иштирок менамоянд. Дар ин бора Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар дод.
Ниммарафони анъанавии байналмилалии Душанбе ба муносибати Рӯзи пойтахт, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, гузаронида мешавад.
Мусобиқаи байналмилалии мазкур бо мақсади устувор намудани робитаҳои ҳамкорӣ бо бародаршаҳрҳо ва шаҳрҳое, ки бо шаҳри Душанбе ҳамкории судманди иқтисодиву иҷтимоӣ доранд, баргузор мегардад.