Коргардони ӯзбек Дилмурод Масаидов бо мақсади баррасию муҳокимаи масоили марбут ба таҳияи филми ҳунарии таърихии “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” ба шаҳри Душанбе омад. Ӯ бо ҳамтои тоҷикаш Файзулло Файзов аз рӯйи филмномаи адабии филми ҳунарии муштарак филмномаи коргардонӣ, нақшаи тақвимию таҳиявӣ ва бо иштироки гурӯҳҳои кории ҳарду ҷониб харҷномаи филмро омода хоҳанд намуд, ки барои тасдиқ пешниҳод карда мешавад. Дар ин хусус Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, коргардони ӯзбек аз Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” дидан намуда, бо фаъолияти гурӯҳи кории ҷониби Тоҷикистон аз наздик ошноӣ пайдо кард.
Гурӯҳи кории Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз шумули рассоми ороишкор, мутахассиси молиявӣ, роҳабрияти киноконсерни “Ӯзбекфилм” ва дигар масъулони вобаста ба таҳияи филми ҳунарии таърихӣ рӯзҳои наздик ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меоранд ва мавриди пазироии роҳбарияти Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” қарор гирифта, дар ҳамкорӣ бо гурӯҳи кории Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоби маконҳои наворбардорӣ, таҳия ва омода кардани филмномаи коргардонӣ, нақшаи тақвимии таҳиявӣ ва харҷномаи филмро амалӣ менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки филми ҳунарии таърихии “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев рӯйи пардаи синамо хоҳад омад.