Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо Раиси Иттифоқи композиторон ва бастакорони Ӯзбекистон Рустам Абдуллоев омодагиҳо ба баргузории консерти муштараки композиторон ва бастакорони ду кишвар, ки моҳи оянда дар шаҳри Душанбе банақша гирифта шудааст, мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар ин бора Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Узбекистон хабар дод.
Дар идомаи мулоқот ҷонибҳо густариши ҳамкориҳоро дар соҳаи санъати мусиқӣ, инсунин ташкил намудани курсҳои касбӣ барои композиторони ҷавон таъкид намуданд.
Ёдовар мешаваем, ки соли 2022 бо ташаббуси Сафорат консерти муштараки ду ниҳод ба муносибати 30-солагии робитаҳои дипломатии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар шаҳри Тошканд баргузор гардида буд. Дар ҳошия он Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Иттифоқи композиторон ва бастакорони Ӯзбекистон ва Иттифоқи композиторони Тоҷикистон ба имзо расид.