
Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи якуми Ассамблеяи генералии Маҷмааи иттиҳоди Осиёии ҳифзи мероси фарҳангӣ (ACHA), ки дар шаҳри Луини Ҷумҳурии Халқии Чин баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.
Бино ба иттилои Вазорати фарҳанги кишвар, Зулфия Давлатзода зимни суханронии худ аз таърихи қадима ва ёдгориҳои беназири кишвар ёдовар гардида, аҳли нишастро аз таваҷҷуҳ, дастгирӣ ва саҳми бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, корҳои назарраси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақоми ваколатдори соҳавӣ Вазорати фарҳанг, ки дар самти ҳифзи мероси фарҳангӣ ҷараён доранд, ибрози сухан намуданд.
Доираи баррасӣ ва суханронии иштирокчиёни ҷаласа муттаҳиднамоии имконият ва дастовардҳои кишварҳои бо ҳам дӯст ва азми онҳо дар самти ҳифз ва истифодаи мероси фарҳангии ҳамдигар бо ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд баён гардиданд.