Бунёди коргоҳи истеҳсоли мис дар шаҳри Панҷакент ҷараён дорад. 90 дарсади корҳои сохтмонии иншооти нави истеҳсолӣ ба анҷом расидааст. Дар ин бора Хадамоти матбуотии Раиси вилояти Суғд хабар дод.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дастур дод, ки ба сифати корҳо таваҷҷуҳ намуда, иншооти сохташаванда дар муҳлати муайян барои ифтитоҳ омода карда шавад.
Иттилоъ дода шуд, ки барои бунёди корхонаи нави саноатӣ 120 миллион доллар сармоягузорӣ шудааст ва бо мавриди истифода қарор гирифтани он шумораи ҷойҳои корӣ боз ҳам зиёд хоҳад шуд.
Ёдовар мешавем, ки коргоҳи истеҳсоли мис ба шарафи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар ҶДММ КМ “Зарафшон”-и шаҳри Панҷакент бунёд мегардад.