Директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” Иброҳимзода Зафаршо бо Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умут Аҷар густариши ҳамкориҳо миёни осорхонаҳои ду кишварро баррасӣ намуданд. Дар ин бора аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон хабар доданд.
Зикр шуд, ки рушди ҳамкориҳо миёни осорхонаҳои ду кишвар ба манфиати ҷонибҳо буда, ҳоло Ёддошти тафоҳуми муштарак миёни Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Осорхонаи санъати кошинкории Зеугмаи Ҷумҳурии Туркия дар баррасии ҷонибҳо қарор дорад.
Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умут Аҷар дар навбати хеш аз сатҳи баргузории намоишу чорабиниҳо, корҳои бостоншиносӣ, роҳандозӣ гардидани таҳсил дар риштаҳои магистратура ва аспирантура дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” изҳори хушҳолӣ намуд.
Инчунин дар мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба вазъи кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия дар самти фаъолияти осорхонаҳо мубодилаи афкор намуданд.
Зимнан дигар масъалаҳои муҳими ҳамкорӣ аз қабили дар чаҳорчӯби ҳамкориҳои мутақобилан судманд ташкилу баргузор намудани намоишҳои муштарак, иштироки фаъолона дар намоишҳои байналмилалӣ ва омӯзиши таҷрибаи осорхонаҳои ҳамдигар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамчунин дар рафти мулоқот Умут Аҷар оид ба иштироки Сафоратхонаи Ҷумҳурии Туркия дар чорабинии байналмилалии “Шабе дар Осорхона”, ки рӯзи 18 майи соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” баргузор мегардад, иҳзори омодагӣ намуд.