Вазири рушди иқтисод ва савдо, Мудири кишварии Бонки Исломии Рушд аз Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо Вазири молияи Арабистони Саудӣ Муҳаммад бин Абдулло Ал-Ҷадаан дар ҳошияи ҷаласаҳои солонаи Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд, ки рӯзҳои 10 — 13 майи соли 2023 дар шаҳри Ҷиддаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ давом доранд, мулоқот анҷом доданд. Дар ин бора аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба радиои «Овози тоҷик» хабар доданд.
Дар мулоқот зикр карда шуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи роҳбарони ҳарду давлат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шоҳи Арабистони Саудӣ Аълоҳазрат Салмон ибни Абдулазиз Оли — Сауд муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии ду кишвар ба сатҳи олӣ баромада, тамоми самтҳои афзалиятнокро дар бар мегиранд.
Завқизода Завқӣ Амин дар рафти вохурӣ ба Вазири молияи Арабистони Саудӣ барои маблағгузории соҳаҳои иқтисоди миллӣ минатдорӣ баён карда, аз номбурда дархост намуд, ки барои ҷалби маблағгузории соҳаҳои афзалиятноки кишвар, махсусан энергетика ва иқтисоди сабз аз ҷониби Фонди рушди саудӣ, Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд ва Гурӯҳи Ҳамоҳангсози Араб мусоидат намояд.
Ин даъват аз ҷониби Вазири молияи Арабистони Саудӣ ба хушнуди пазируфта шуд.