15 май бахшида ба 100-солагии Гайдар Алиев ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо даъвати Раиси Милли Меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон Сагиба Гафарова барои иштирок дар ҷаласаи махсуси Милли Меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон ба шаҳри Боку сафар намуд. Дар ин бора аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба радиои «Овози тоҷик» хабар доданд.
Ҷаласаи махсуси Милли Меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон 16 май баргузор мешавад.
Ҳамчунин 18 май Маҳмадтоир Зокирзода бо даъвати Раиси Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ Вячеслав Володин дар ҷаласаи сайёри Шӯрои Ассамблеяи парламентии Созмон, ки дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус доир мегардад, иштирок менамояд.
Ба ҳайат ҳамчунин раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода шомил мебошад.