Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода рӯзи 16 майи соли 2023 ҳайати вакилони Парлумони Аврупоро таҳти роҳбарии Андрис Америкс, ки бо мақсади иштирок дар ҷаласаи 10-уми Кумитаи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе қарор доранд, ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷӣ ба радиои «Овози тоҷик» хабар доданд.
Дар ҷараёни мулоқот ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Парлумони Аврупо, масъалаҳои рушди минбаъдаи равобити байнипарлумонӣ, инчунин рузномаи муносибатҳои дуҷониба баррасӣ гардиданд.