Дар доираи тадбирандешӣ ҷиҳати гузаштан ба муомилоти ғайринақдӣ ва истифода аз замимаи ССБ-мобайл дар филиали «Саноатсодиротбонк» дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон бо гурўҳи мизоҷон пайваста вохӯрию суҳбатҳо баргузор мегардад. Дар ин бора аз бонки мазкур ба радиои «Овози тоҷик» хабар доданд.
Ба филиали Бонк 20 нафар соҳибкорон-мизоҷони Бонк дар вохўрии навбатӣ барои аз худ намудани ин хизматрасонӣ даъват шуданд. Аз ҷониби мутахассисон дастгоҳи марказии Бонк ва филиал осонии кор бо замимаи ССБ-мобайл ва анҷом додани хизматрасониҳои гуногун тариқи замимаи мазкур фаҳмонида шуд. Ба телефонҳои ҳамроҳи ҳамаи иштирокчиён замимаи ССБ-мобайл боргирӣ шуда, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.
Лозим ба ёдоварист, ки тариқи замимаи ССБ-мобайл зиёда аз 180 намуди амалиётҳо гузаронида мешавад. ССБ-мобайл осон, қулай ва дорои имкониятҳои васеи анҷомдиҳии амалиётҳои бонкиро фарогир аст.
Ҳадафи асосии ташкили чунин вохўриҳо гузаштан ба муомилоти ғайринақдӣ, дастрасӣ ба хизматрасонии муосир ва кор бо замимаи ССБ-мобайл барои қавитар гардидани муошират бо мизоҷон мебошад. Даст кашидан аз муомилоти нақдӣ ва анҷом додани ҳамагуна амалиётҳо бо муомилоти ғайринақдӣ тақозои замон буда, корро барои муштариён осон мегардонад.