1 — 2 июни соли 2023 музокироти гурӯҳҳои кории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар шаҳри Душанбе роҷеъ ба Созишномаи нави шарикӣ ва ҳамкории тавсеаёфта баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷӣ ба радиои «Овози тоҷик» хабар доданд.
Дар ин ҷамъомад намояндагони вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ниҳодҳои Иттиҳоди Аврупо ширкат варзиданд.