Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Ниятбекзода Вафо Алибек ба Президенти Туркманистон эътимоднома супорид. Дар ин борпа радиои «Овози тоыик» дар такя ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад
Сафири Тоҷикистон дуруду таманниёти неки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимуҳамедов расонид.
Дар ҷараёни суҳбат масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Туркманистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.



