Имрӯз дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар вобаста ба мавзӯи “Стратегияи танзими равандҳои муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040: афзалиятҳо ва натиҷаҳои ноилшаванда” баргузор гардид. Дар ин бора хабарнигори радиои”Овози тоҷик” Тахмина Амониён аз ҷараёни ин нишаст хабар дод
Чорабинии мазкурро Вазири мехнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Чумхурии Точикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа ифтитоҳ намуда роҷеь ба стратегияи мазкур ва натичаҳои ноилшавандаи он маълумот доданд.
Дар чорабини намояндагони вазорату идорахои давлати ва намояндагони ВаО иштирок доштанд.
Дар нишасти мазкурзикр гардид, ки ки Стратегияи танзими равандҳои муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 бо максади ба танзим даровардани раванди муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд.