Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати ҶТ бо мақсади таъмини рушди устувори соҳаи хоҷагии ҷангал ҷалби сармоя ва грантҳо, амалисозии лоиҳаҳо ва барномаҳои соҳавӣ ҳамкориро бо вазорату идораҳои дахлдор, шарикони рушд ва ташкилотҳои байналмиллалӣ, аз ҷумла Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон, Ҷамъияти ҳамкориҳои байналмиллалии Олмон, Хадамоти ҷангали Ҷумҳурии Корея, Ташкилоти Ҷамъиятии фонди Тоҷикистонии Оғохон, Хадамоти ҷангали ИМА ва ғайра ба роҳ монда истодааст. Дар ин бора директори Агентии мазкур Абдуҷаббор Юсуфзода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Ҳамчунин аз ҷониби агентии мазкур корҳо дар самти азхудкунии биёбонҳо, шинонидани саксаул дар минтақаи «Айвоҷ» идома дошта, масоҳати майдони пистазорҳои пайвандшуда ба 10 гектар расонида шуд, гуфт Абдуҷаббор Юсуфзода .