Мувофиқи маълумоти гумрукӣ дар моҳҳои январ-июни соли 2023 ба ҷумҳурӣ 451, 75 ҳазор тонна маҳсулоти нефтӣ ба маблағи 320,5 миллион доллар бо нархи миёнаи 710 доллар ворид гардида аст, ки ин нишондиҳанда дар муқоиса нисбати хамин давраи соли гузашта 99.6 ҳазор тонна зиёд буда, нархи миёнаи воридии он нисбат ба моҳҳои январ июни соли гузашта 94 доллар ё ба андозаи 11,7 фоиз коҳиш етфааст, иброз дошт дар нишасти хабарӣ муовини якуми Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон Қурбонзода Сафарали. Дар ин бора хабарнигори радиои «Овози тоҷик» Тахмина Амониён хабар медиҳад.
Ҳамчунин воридоти маҳсулоти нефтӣ ба Ҷумхурӣ асосан аз Русия 85,4 %, Ҷумхурии Қазоқистон 5,1 %, Туркменистон 4,4 фоиз, Узбекистон 2,6 фоиз, Белорусс 1,4 % ва боҷимонда 1,1 % ба дигар давлатҳо рост меояд