Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Сафарзода Бахтовар бо раиси Кумитаи иҷроияи шаҳри Минск Кухарёв Владимир мулоқот анҷом дод. Дар ин бора радиои «Овози тоҷик» дар истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Тарафҳо раванди мусбат ва дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла кооператсияи истеҳсолӣ байни корхонаҳои шаҳрҳои Душанбе ва Минск, мусоидат ба рушди робитаҳои мустақими доираҳои соҳибкорӣ ва тақвияти фаъолияти тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва фарҳангӣ-гуманитариро муҳокима намуданд.
Ҷонибҳо моҳияти хоси дӯстонаи ҳамкориҳои тарафҳо байни ду кишварро дар умум ва пойтахтҳоро ба таври хос баён намуданд.