Дар шаҳри Душанбе машваратҳои вазоратҳои корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба масъалаҳои омодагӣ ба Вохӯрии панҷуми ҷашнии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гаштанд. Дар ин бора радиои «Овози тоҷик» дар истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумщурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни нишаст лоиҳаҳои рӯзномаи Вохӯрии машваратӣ, Изҳороти муштараки сарони давлатҳо ва дигар санадҳое, ки баимзорасонии онҳо аз натиҷаи саммити Душанбе дар назар аст, баррасӣ шуданд.
Ҷонибҳо инчунин масъалаҳои омодагӣ ба 12 чорабинии ҳошиявиеро, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намудани онҳоро дар доираи Вохӯрии машваратии дарпешистода ба нақша гирифтааст, мавриди муҳокима қарор доданд.