
Рӯзҳои 14-15 сентябр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Вохӯрии панҷуми ҷашнии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ доир мегардад. Ҳамзамон, имруз дар пойтахти Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал ҷараён дорад. Дар ин бора хабарнигори радиои»Овози тоҷик» Дилноза Сатторова аз ҷараёни ин ҷаласа хабар дод.
Мавриди зикр аст, ки Вохӯриҳои сатҳи олӣ дар Душанбе ба таҳкими раванди рушди ҳамкории минтақавӣ ва пойдории минбаъдаи амнияту субот дар минтақа мусоидат менамоянд.
Вохӯрии ҷашнии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ бо мақсади рушд, таҳким ва тақвияти муносибатҳои неки ҳамсоягӣ байни давлатҳо, таҳкими амнияту субот дар минтақа, тавсеаи робитаҳои бародаронаи халқҳои Осиёи Марказӣ доир мегардад.