
Аз 16 то 24 сентябр дар шаҳри Душанбе экомарафони байналмилалии «Ҷоми тозагии Авруосиё» баргузор мегардад, ки дар он зиёда аз 160 даста аз Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Арманистон, Абхазия, Беларус, Молдова ва Русия иштирок менамоянд. Дар ин бора аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ҳар даста байни ҳамдигар барои ҷамъ намудани партовҳо ва ба гурӯҳҳо ҷудо намудани онҳо қувва меозмоянд.
«Ҷоми тозагии Авруосиё» дар давлатҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил бо дастгирии Хазинаи грантҳои Президенти Федератсияи Русия гузаронида мешавад.
Дар Тоҷикистон «Ҷоми тозагии Авруосиё» бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагии Россотрудничество дар Тоҷикистон, ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои