
Миҷгона Самадова (57 кг) барандаи нишони биринҷии Бозиҳои Осиёии Ҳангжоу -2022 аз риштаи бокс
Дар даври ниманиҳоӣ Миҷгона аз қаҳрамони Осиё Карина Ибрагимова аз Қазоқистон бо қарори якдилонаи доварон бо ҳисоби 2:3 мағлуб шуда, соҳиби нишони биринҷӣ гардид.
Мавриди зикр аст, ки медали биринҷии Миҷгона Самадова медали ҳафтуми дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои Осиёии Ханжоу-2022 ба шумор меравад..Пештар дар ин Бозиҳо Сомон Маҳмадбеков (ҷудо, -81 кг) — медали тилло, Давлат Болтаев (бокс, -92) — медали тилло, Темур Раҳимов (ҷудо, +100 кг) — медали нуқра, Беҳрӯз Хоҷазода (ҷудо, -73 кг) — медали биринҷӣ, Хайрандеш Муродзода (гӯштини кураш, -66 кг) — медали биринҷӣ ва Ҳақназар Назаров (гӯштини кураш, -90 кг) — медали биринҷӣ ба даст оварданд.