Дар китобхонаи Донишгоҳи миллии Қазоқистон ба номи ал-Форобӣ вохӯрии кормандони консулгарии генералӣ бо донишҷӯён – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ин донишгоҳ таҳсил мекунанд, баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ таъкид карда шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз донишҷӯёне, ки дар хориҷи кишвар таҳсил менамоянд, умеди калон дошта, мутахассисони баландихтисосро интизор аст, ки дар оянда барои рушди кишвар саҳми худро гузоранд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ба донишҷӯён тавсия дода шуд, ки вақти холии худро ҳарчӣ бештар ба омӯхтани касбҳои муосир, забонҳои хориҷӣ ва илму техникаи замонавӣ сарф намоянд.