Саид Иброхим Раисӣ Президенти Ҷумҳури Исломии Эрон баъд аз зуҳри чаршанбе дар садри як ҳайати олирутбаи сиёсӣ ва иқтисодӣ вориди Душанбе шуд. Дар ин бора Раҳматуллои Одина хабарнигори радиои «Тоҷикистон» хабар медиҳад.
Маросими истиқболи расмии Перзиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз Сайид Иброҳими Раисӣ бо навохтани суруди миллии ду кишвар ҳамроҳ буд. Сипас сарони ду кишвар бо ширкати ҳайатҳои расмии ҳарду ҷониб мулоқот намуданд.
Пас аз анҷоми музокироти расмӣ дар ҳузур ва бо ширкати сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Эрон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Сайид Иброҳим Раисӣ 18 санади нави ҳамкорӣ дар ҳавзаҳои мухталифи иқтисодӣ, тиҷорӣ, санъатӣ, ҳамлу нақл ва транзит, роҳи оҳан, энергетика, эҷоди минтақаи озоди муштарак, гумрук, ҳавзаҳои фарҳангӣ, илмӣ, фанновариҳои навин, варзишӣ, мудирияти буҳрон , мубориза бо маводи мухаддир ва лағви раводид миёни ду кишвар ба имзо расид
Ва пас аз он сарони ду кишвар дар ҳузури васоити ахбори умум дар мавриди натоиҷи ин нишаст сухбат намуданд, ва изҳор доштанд, ки ду кишвар ба далоили мухталифи ҳамсоягӣ ва равобити фархангӣ ва динӣ ва ҳам равобити ҳамзабони ва ҳамтамадунӣ иртиботи хубе доранд ва бо имзои ин тафоҳумнома як гоми баланде дар ҷихати равобити байни ду кишвар бардошта хохад шуд
Мавриди зикр аст, ки ду кишвар дар чорчӯби созмонҳои минтақаӣ назири Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ( ЭКО) ва Созмони Ҳакории Шанхай низ ҳамкории хубе доранд ва аз мавозеъи якдигар дар ин созмонҳо пуштибонӣ мекунанд. Намунаи ахири он ҳимояти Тоҷикистон аз дархости пазириши узвияти Эрон дар Созмони ҳамкории Шанхай аст, ки мунҷар ба тасвиби ин дархост ва шурӯъи фарояндаи узвият дар ин Созмон дар бистуякумин иҷлоси Шӯрои сарони Шанхай дар декабри соли 2021 дар шаҳри Душанбе шуд.