
14 ноябр дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккул ва рушди Созмони ҳамкории Шанхай баргузор мегардад. Дар ин бора ба хабарнигори радиои “Овози тоҷик” Тахмина Амониён дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар мизи мудаввар намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, марказҳои тадқиқотӣ ва пажӯҳишгоҳҳо, олимон, коршиносон, инчунин рӯзноманигорони расонаҳои дохилию хориҷӣ ширкат меварзанд.
Ташкилкунандагони мизи мудаввар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон мебошанд.
Мақсад аз баргузории чорабинӣ арзёбии нақш ва саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъсис, ташаккул ва рушди Созмони ҳамкории Шанхай мебошад. Ҳамчунин, дар чаҳорчӯби ин мизи мудаввар намоишгоҳи китобҳо баргузор мешавад.