Субҳи имрӯз аъзои Созмони Милали Муттаҳид дар ҷараёни раъйдиҳӣ дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба қатъномаи таъйини оташбаси фаврӣ дар навори Ғазза раъй доданд.
Ин қатънома бо 153 раъйи ҷонибдор, 10 раъйи мухолиф ва 23 раъйи мумтанеъ тасвиб шуд ва аз Исроил хостааст, ба ҳамлаҳояш ба навори Ғазза фавран хотима диҳад.
Амрико, Австрия, Ҷумҳурии Чех, Гватемала, Либерия, Микронезия, Науру, Папуа Гвинеяи Нав, Парагвай ва Исроил алайҳи ин қатънома овоз доданд.
Ин дар ҳолест, ки аз оғози ҳамлаҳои Исроил ба навори Ғазза дар рӯзи 7 октябр, Шӯрои Амнияти Созмони Милал дар нишастҳои сершуморе, ки ба далели монеаҳое, ки ИМА баргузор кардааст, натавонистааст қатъномаи ҳатмӣ барои истиқрори оташбас дар ин минтақаро тасвиб кунад.
Дар охирин ҳолат, рӯзи 18-уми декабр, давлати Амрико бо идомаи ҳимояти худ аз Исроил тарҳи қатъномаи Шӯрои Амният барои истиқрори оташбаси фаврӣ дар Ғаззаро вето гузошт.
Сухангӯи вазорати хориҷаи Чин ҳамчунин аз ветои қатъномаи ахири Шӯрои Амнияти Амрико, ки хостори оташбаси фаврии башардӯстона дар Ғазза шудааст, изҳори таассуф ва ноумедӣ кард.