Моҳи август дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор мешавад. Ин нукта дирӯз зимни бриффинги вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муовини Сарвазир-вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон, ки бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омада буд зикр гардид.
“Дар остонаи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон ба Тоҷикистон барои баргузор намудани Рӯзҳои фарҳанги ин кишвар дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор мегардад ва ҷониби дар ин кишвар барои баргузор намудани ин чорабинӣ омодагӣ дида истодаанд”- гуфта шуд дар брифинг.