Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 7- уми Гурӯҳи кории муштарак оид ба истифодаи маҷмуи захираҳои оби дарёҳои фаромарзии Осиёи Марказӣ байни Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар ҷаласаи 7-уми Гурӯҳи кории муштарак оид ба истифодаи маҷмуи захираҳои оби дарёҳои фаромарзии Осиёи Марказӣ байни Тоҷикистон ва Узбекистон Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ва Вазири захираҳои оби Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Ҳамроев иштирок намуданд.
Дар ҷаласа имконияти татбиқи лоиҳаҳои нави муштараки фаромарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар соҳаи об баррасӣ гардид. Аз ҷумла, ҷонибҳо масъалаи истифодаи захираҳои оби кӯли Сарез барои таъмини давлатҳои минтақа бо оби тозаи ошомиданиро матраҳ намуданд.