7 август муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насредин бо роҳбари навтаъйини Намояндагии Созмони байналмилалии муҳоҷират (IOM) дар Тоҷикистон Виктор Лутенко мулоқот намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии мамлакат хабар доданд, зимни мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии муҳоҷират мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҷонибҳо инчунин лоиҳаҳои Созмони байналмилалии муҳоҷиратро, ки дар Тоҷикистон татбиқ мешаванд, матраҳ намуданд.