Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Остона ҳамкориҳо дар заминаи тиҷорати электронӣ ва энергияи сабзро аз омилҳои аслии рушди иқтисоди сабз дар минтақа унвон кард. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карданд, ки ҳамгироии фанновариҳои рақамӣ ва гузариш ба энергияи сабз асоси рушди устувори Осиёи Марказӣ мебошад. Инчунин баён шуд,ки ҳамкории муассир дар ин соҳаҳо на танҳо ба устувории экологӣ мусоидат мекунад, балки барои рушди иқтисодӣ ва ҳамкориҳои минтақавӣ имкониятҳои нав мекушояд.