12 август дар шаҳри Теҳрон Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо муовини Вазири кишвар (корҳои дохилӣ)-и Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Маҷид Мираҳмадӣ мулоқот намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба густариш ва таҳкими ҳамкории судманд дар таъмини амният ва мубориза бо гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ табодули афкор намуданд.