Дар Намоишгоҳи 10-уми байналмилалии фармасевтӣ ва тандурустии «IPHEX-2024»-и Ҳиндустон 5 нафар аз Тоҷикистон ширкат кард. Дар ин бора Палатаи савдои кишвар ба расонаҳо иттилоъ додааст.
Дар намоишгоҳ намояндагони ширкату корхонаҳо аз 100 кишвар иштирок доштанд. Ширкатҳои мухталифи Ҷумҳурии Ҳиндустон маҳсулоти дорувории истеҳсоли худро ба намоиш гузоштанд. Инчунин қариб 10 000 меҳмо ин намоишгоҳи муҳими байналмилалиро тамошо намуданд.
Дар намоишгоҳи байналмилалӣ ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарони якчанд ширкати истеҳсолкунандаи дору вохӯрд. Ҳамзамон ба шаҳри Чадигарх сафар намуда, бо якчанд корхонаи истеҳсоли маҳсулоти доруворӣ шинос шуда, шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд.
Намояндагони ширкатҳои дорусозии Ҳиндустон барои иштирок дар Намоишгоҳи байналмилалии универсалии Тоҷикистон 2024, ки 24-26 октябри имсол аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Ҷ Тоҷикистон доир карда мешавад, даъват шуданд.